PO "Kalidi donish"

вторник, 28 января 2014 г.



МАКТУБИ-АҲБОРОТӢ
Мусобиқаи мубоҳисавӣ «Ҷоизаи бозори озод - Кулоб 2014»

1-2 феврали соли 2014 Маркази бозори озоди Тоҷикистон бо ҳамкори ва дастгирии молиявии Фонди пажӯҳишҳои иқтисодии  «Атлас», Фонди Фридрих Науманн ва Ташкилоти Ҷамъиятӣ «Калиди дониш» аввалин маротиба мусобиқаи мубоҳисавии минтақавӣ «Ҷоизаи бозори озод - Кулоб 2014» ки ба мавзӯъҳои иқтисодӣ - масоили андозбандӣ, танзими давлатии иқтисодӣ, савдои байналмилалӣ бахшида шудааст, барои ҷавонони вилояти Хатлон дар шаҳри Кулоб баргузор мекунад.
 Ҳадаф аз чорабинии мазкур афзун кардани донишҳои иқтисодии ҷавонон  тавассути гузаронидани мубоҳисаҳо дар мавзӯъҳои алоҳида мебошад. Мусобиқа аз рӯйи формати парламентии америкоӣ сурат мегирад.
Мубоҳисаи ҷавони яке аз усули таъсирноки омузиш мебошад ва барои ба даст овардани дониши зарурӣ дар ҷамъияти демократӣ. Ин мусобиқа барои баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди тафаккур танқидӣ ва маҳорати ораторӣ.
Бо андешаи ташкилотчӣён, мақсади асосии ин мусобиқаи мубоҳисавӣ «Ҷоизаи бозори озод – Кулоб 2014» - рушди ҳаваси ҷавонони минтақа барои ба даст овардани дониши иқтисодӣ ва мусоидат ба ташаккули шахсиятҳои нави намоён равона шудааст. Бинобар ин пеш аз мусобиқаи мубоҳисавӣ барои иштирокчиён тренинг оид ба формат ва техникаи мубоҳисавӣ гузоронида мешавад.
Мусобиқаи мубоҳисавӣ дар суроғаи ш. Кӯлоб, к. Ҷабор Расулов 105, бинои «ММК»,
оғоз: 09:00.
                                  
Барои маълумоти иловагӣ метавонед ба «Маркази бозори озоди Тоҷикистон» (тел: 2244484, freemarket.tj@gmail.com) ва ба ҳамоҳангсози  ТҶ «Калиди дониш» - Саидов Пайрав (тел: 907818117) муроҷиат намоед.


Ташкилкунанда:
 «Маркази бозори озоди Тоҷикистон» - ташкилоти ҷамъиятие, ки барои  мустаҳкам намудани идоракунии демократӣ, ҳуқуқии давлатӣ дар Тоҷикистон, ба воситаи пешбурди неъматҳои иқтисодиёти либералӣ, бозори озод ва приоритети моликияти хусусӣ, суст кардани монеаҳо ва сарҳадҳои кушод, фаъолият мебарад. Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Л.Шерали, маркази тиҷоратии “Сохибкорон”, тел: +(992 37) 224 44 84, e-mail: freemarket.tj@gmail.com, web: www.freemarket.tj 
Донорҳо ва шарикҳо:
Фонди тадқиқотҳои иқтисодии «Атлас», ИМА –  фонд, бо густариши ғояҳои бозори озод, ҷамъияти шахсони озод ва масъулиятшинос, дастгирии соҳибкорони зеҳнӣ дар тамоми дунё, мағул аст.
20005, ИМА, Вашингтон, 1201 L St. NW, Тел: 202-449-8449, Факс: 202-280-1259, web: www.atlasnetwork.org
Фонди Фридрих Науманн, Олмон - Фонди либералии олмонӣ. Мақсади асосии Фонд – мусоидат ба рушд ва мустаҳкамшавии ҷомеаи шахрвандӣ чун дар Олмон ва ҳамчунон дар тамоми дунё. Аз давраи ташкилшавӣ (соли 1958) Фонд дар ҳалли масъалаҳои ҷамъиятии мамлакатҳои гуногун (айни замон зиёда аз 60 мамолик) фаъол  аст, ва одамро чун фарди  ба коллектив мухолиф, пешгузорӣ намуда, асоси фаъолияти худ  мондааст. Суроғаи Филиали фонд дар ФР: 125047, ш. Москва, кӯч.1,Тверская-Ямская, хон. 23, кисми 1, Бизнес-Центр "Парус", подъезд 2, ошёнаи 7.
Тел: +7 (495) 232 65 30; 956 10 29; Факс: +7 (495) 956.10.08, e-mail:  moskau@fnst.org, web:  www.fnst.ru
ТҶ “Калиди Дониш” – ташкилоти ҷамъиятӣ, бо мақсади рушди ҷавонон, ҳимояи ҳуқуқи инсон ва ғайра фаолият мекунад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Кӯлоб, https://www.ngokalididonish.blogspot.com

Комментариев нет:

Отправить комментарий