PO "Kalidi donish"

суббота, 25 декабря 2010 г.

Ҳисоботи Дмитрий Медведев аз бурду бохти як сол

Раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев зимни сӯҳбати зиндаи солонаи телевизионии худ бо мардуми кишвараш паймони нави коҳиши таслиҳоти ҳастаӣ миёни Русия ва Амрикоро як ҳодисаи ҷиддии соли равон номид. Вай рӯзи ҷумъаи 24–уми декабр дар сӯҳбати зиндаи солонаи телевизионӣ ба саволҳои раҳбарони се шабакаи саросарии Русия, ВГТРК, Шабакаи якум ва НТВ дар бораи бурду бохтҳо ва масъалаҳои муҳими кишвараш дар соли 2010 посух гуфт. Доираи фарохи суҳбат мавзӯъҳо аз таъмини амният дар ҷаҳон, дастовардҳои иқтисодии Русия, мубориза бо фасоду ришвахорӣ, ислоҳоти низоми пулис, коҳиши аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, мубориза бо нашъамандии мактабхонҳои рус то паёмадҳои моҷарои “Викиликс” ва сарнавишти сарватманди зиндонии рус – Михаил Ходорковскийро фаро гирифт.
Нишонаҳои раҳоӣ аз буҳрони иқтисодӣ
Раисҷумҳури Русия оғози бурунрафти иқтисоди Русия аз қайди бӯҳронро чун муҳимтарин дастоварди кишвараш дар соли 2010 унвон кард. Вай гуфт, иқтисоди Русия ба думболи давраи “поинрафт” ба “рушди собит” ноил шудааст:
“Имсол иқтисоди мо пастравӣ надошт ва рушд мекард. Бо мушкилиҳо, бо камбудиҳо, аммо бо ин вуҷуд, дар воқеъ рушди собит дошт. Мо тақрибан ба 4 дар сад рушди солонаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ноил шудем. Ин пешрафт таҷдиди иқтисоди мо ва беҳбуди зиндагии моро аён месозад”
Раисҷумҳури Русия сиёсати давлаташ барои ҳимояти кӯдакон ва аҳолӣ, кӯмак ба офатзадагони сӯхторҳо, таҷлили 65 – умин солгарди пирӯзӣ дар ҷанги дуюми ҷаҳониро ҳодисаҳои муҳими соли кишвараш рақам зад.