PO "Kalidi donish"

среда, 18 декабря 2013 г.

Аввалин мусобиқаи мубоҳисавӣ «Ҷоизаи бозори озод – Кулоб 2014»
    мусобиқаи мубоҳисавӣ дар Кулоб

1-2 феврали соли 2014 Маркази бозори озоди Тоҷикистон аввалин маротиба мусобиқаи мубоҳисавии минтақавӣ «Ҷоизаи бозори озод – Кулоб 2014» ба мавзуъҳои иқтисодӣ ташкил мекунад. Дар ин турнир мавзуъҳо оид ба андозбандӣ, танзими давлатии иқтисодӣ ва савдои байналмилалӣ бахшида мешаванд.

Ҳадаф аз чорабинии мазкур афзун кардани донишҳои иқтисодии ҷавонон тавассути гузаронидани мубоҳисаҳо дар мавзӯъҳои алоҳида мебошад.
Мусобиқаи аз рӯйи формати парламентии америкоӣ сурат мегирад (маълумоти иловаги http://debater.ru/materials-books3.htm). Барои иштирок дар ин мусобиқа  ҷавонон аз 16 то 30 сол даъват карда мешавад.
Барои иштирок кардан дар ин мусобиқа варақаи бақайдгириро пур кардан лозим аст (аз ин ҷо дастрас кунед), ба почтаи электронӣfreemarket.tj@gmail.com равон карда. Охирон рӯзи қабули ҳуҷҷат – 25 январи соли 2014, 10:00.
Рӯйхати мавзуъҳоро шумо метавонед аз ин ҷо дастрас кунед. Глоссарии (луғати истилоҳои иқтисодӣ) турнир аз ин ҷо дастрас кунед.
31 январ тренинги омузиши оид ба формати мусобиқа ва асосҳои таҳлили мавзуъҳои иқтисодӣ баргузор мегардад.
Дар ин турнир аз 8 то 12 даста (2 нафари) иштирок мекунанд.
Ҷой ва соати гузориши тренинг ва мубоҳиса факат барои иштирокчиёни аз қайд гузашта эълон карда мешавад.
Мусобиқа мубоҳисавӣ «Ҷоизаи бозори озод – Кулоб 2014» бо ҳамкори ва дастгирии молиявии Фонди пажӯҳишҳои иқтисодии  «Атлас», Фонди Фридрих Науманн ва Ташкилоти Ҷамъиятӣ «Калиди дониш» баргузор мегардад.
Барои маълумоти иловагӣ метавонед ба «Маркази бозори озоди Тоҷикистон» (тел: 2244484, freemarket.tj@gmail.com  ва ба ҳамоҳангсози  ТҶ «Калиди дониш» – Саидов Пайрав                       (тел: 907818117) муроҷиат намоед.

Комментариев нет:

Отправить комментарий