PO "Kalidi donish"

четверг, 22 августа 2013 г.

Мактаби тобистонаи фанновариҳои иттилоотӣ ва журналистикаи чандрасонаӣ ба кор шурӯъ ка


Мактаби тобистонаи фанновариҳои иттилоотӣ ва журналистикаи чандрасонаӣ ба кор шурӯъ кард
Бо мақсади баланд бардоштани донишу малакаи кормандони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва соҳаи расонаҳои минтақавӣ, имрӯз дар осоишгоҳи “Сароб”-и Хоҷа Оби Гарм мактаби тобистонаи фанновариҳои иттилоотӣ ва журналистикаи чандрасонаӣ ба фаъолият оғоз кард. 

Созмондиҳандагони ин давраи омӯзишии даҳрӯза Маркази фанновариҳои иттилоотиву иртиботӣ ва Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон - асри XXI» мебошанд.
Мактаби тобистона имкон медиҳад, ки намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва кормандони ВАО-и минтақавӣ донишу малакаҳои нави муосирро фаро бигиранд ва дар фаъолияти минбаъдаи худ мавриди истифода қарор диҳанд.
Дар доираи ин чорабинӣ масоили пешбурди касбии фаъолияти созмон, истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ барои афзоиши корбарони торнамои ташкилот, омодасозии хабару гузориш ва мусоҳиба, инчунин таҳияи матолиби чандрасонаӣ (матн, садо, видео, акс) барои торнамо ва ВАО омӯзонида мешаванд.
Ба ҳайси тренерони мактаби тобистона мутахассисони соҳибтаҷрибаи маҳаллӣ даъват шудаанд, ки бо тарзу усули интерактивӣ барои иштирокдорон назокатҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва журналистикаи чандрасонаиро меомӯзанд.
Пайрав Саидов

1 комментарий:

  1. Is the Coin Casino a Scam? - CasinoWow
    If it is not, you 인카지노 will be redirected หารายได้เสริม to the casino website. You will only be redirected 메리트 카지노 to the slot machine games at the site where you can play

    ОтветитьУдалить